Ноогоҳӣ аз Ислом ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ мекашонад
Мудири Маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст, ки яке аз роҳҳои умдаи ҷазби ҷавонон ба суфуфи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ беиттилоии онон аз донишҳои саҳеҳи исломӣ аст.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Худойбердӣ Холиқназар гуфтааст, ки барои мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ ба дом андохтани ҷавонони ноогоҳ, ки аз дини Ислом дарки дурусте надоранд, кори бисёр осон аст. Ӯ бо муштарак хондани ин таҳдид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки андешаи тамоми гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мубтанӣ бар се асл аст: онон ҷавонони ноогоҳро бо тарҳи фиребандаи хилофати исломӣ ҷазб мекунанд; фарҳангу одоб ва русуми милли мусалмононро бидъат мехонанд; алайҳи мазоҳибу макотиби фиқҳ ва ҳуқуқи кишварҳои исломие, ки дар ҳазорон сол шакл гирифтаанд, фатвои куфр содир мекунанд ва танҳо афкори инҳирофию тафриқаафканонаи худро ҳақ медонанд.
Холиқназар бар зарурати ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ, мазҳабӣ ва пажуҳишии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муқобилаи муассиру коҳиши хатари фаъолияти гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ дар минтақа таъкид кард.