Октябр 31, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости кумак аз Бунёди Оқохон барои ҳалли мушкили оби Хоруғ

Раиси вилояти Бадахшон ҷазби кумаки Бунёди Оқохонро барои ҳалли мушкили таъмини оби ошомидании сокинони шаҳри Хоруғ хостор шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Бадахшон, Ёдгор Файзов дар дидор бо Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Бунёди Оқохон дар умури муҳити зисти шаҳри Хоруғ яке аз масоили муҳими ин шаҳрро мушкили таъмини оби ошомиданӣ донист ва бар ёфтани роҳҳал барои ин мушкил таъкид кард. Ёдгор Файзов қаблан гуфта буд, ки ин шаҳр бо беш аз 30 ҳазор нафар ҷамъият фақат як соат дар шабонарӯз об дорад.

Ҳодӣ Ҳусейнӣ, мудири Бунёди Оқохон дар умури муҳити зист дар ин дидор аз омодагии ин ниҳод барои ҳалли мушкили таъмини оби ошомидании сокинони шаҳри Хоруғ хабар додааст.

Шаҳр Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон дар иртифои 6 ҳазору 200 метр аз сатҳи баҳр ва дар соҳили рӯдхонаи кӯҳистонии Ғунд воқеъ шудааст ва сокинонаш аз камбуди оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд.