Кумаки Иттиҳоди Аврупо барои муқобила бо хатароти партови ҳастаӣ дар се кишвари Осиёи Марказӣ
(last modified 2018-11-10T08:05:27+00:00 )
Ноябр 10, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Иттиҳоди Аврупо барои муқобила бо хатароти партови ҳастаӣ дар се кишвари Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои муқобила бо хатароти зистмуҳитии партовҳо ё зуболаҳои ҳастаӣ дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон кумаки 10 миллионевроӣ ихтисос дод.

Ба гузориши дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, дар қаламрави ин 3 кишвар беш аз 1 миллиард тон зуболаҳои ҳастаии дафншуда аз даврони ҳукумати Шӯравӣ вуҷуд дорад, ки бар асари ҳодисаҳои табиӣ акнун ба хатари ҷиддӣ барои саломатии сокинони ин ҷумҳуриҳо табдил шудааст.

Пеш аз ин низ Иттиҳоди Аврупо барои коҳиши партови ҳастаӣ ва барои муқобила бо хатароти зистмуҳитии зуболаҳои ҳастаӣ дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон кумаки 16 миллионевроӣ ихтисос дода буд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Мирзошокир Ҳоҷиён, муовини идораи металҳои нодири Тоҷикистон, дар беш аз 50 соли фаъолияти корхонаи тасфияи маъдани ураниюм дар наздикии шаҳри Хуҷанд, дар даврони Шӯравӣ, дар қаламрави шаш ноҳияи вилояти Суғд наздик ба 55 миллион тон зуболаи ҳастаӣ дафн шудааст, ки метавонад ба муҳити зисти ин минтақа ва саломатии шаҳрвандон хисоратҳои зиёде ворид кунад. Маконҳои дафни зуболаҳои ҳастаии боқимонда аз он замон бидуни ҳифозат ва пӯшиши вижаи амниятӣ ба ҳоли хеш раҳо шуда ва хатарноктарин минтақа дар наздикии шаҳраки истиқлолро эҷод кардааст.

Дар сурати вуқӯи ҳаводиси табиие назири зилзила ва сел ин пасмондаҳои ҳастаӣ мумкин аст бо обҳои зеризаминӣ махлут шавад, ки саломатии сокинони манотиқи наздик ба маконҳои дафни ин зуболаҳои ҳастаиро бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.