Сухтори даҳум дар бозори Корвон-и Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39448-Сухтори_даҳум_дар_бозори_Корвон_и_Душанбе
Мағозадорони бозори Корвон дар шаҳри Душанбе имрӯз бори дигар шоҳиди сухтор дар ин бозор буданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 14, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Сухтори даҳум дар бозори Корвон-и Душанбе

Мағозадорони бозори Корвон дар шаҳри Душанбе имрӯз бори дигар шоҳиди сухтор дар ин бозор буданд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ба гуфтаи шоҳидони ин ҳодиса дар паи сухтор дар хонае дар ҳамсоягии бозори Корвон руй дод, ки ба ҷои анбор аз он истифода мешуд.

Ин хона девор ба девори бозори Корвон қарор доштааст.

Корвон бузургтарин бозори шаҳри Душанбе аст ва соҳибкорон ва сӯхторнишонҳо   талош доранд, ки аз  оташ гирифтани дигар қисматҳои бозор пешгирӣ кунанд.

Дар 16 соли фаолияти Корвон ин даҳумин бор аст, ки дар ин бозор сухтор мешавад.