Декабр 03, 2018 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ширкати чинӣ хостори хариди 70 дарсади саҳмияҳои

Ширкати чинии роҳҳои оҳани “Ҷуннан” хариди 70 дарсад саҳмияҳои бонки буҳронзади “Тоҷиксодиротбонк”-и Тоҷикистонро хостор шудааст.

Ба гузориши сомонаи Бонки Миллии Тоҷикистон, тавофуқи аввалия дар бораи фурӯши 70 дарсад аз саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” бо ширкати чинии роҳҳои оҳани “Ҷуннон” ҳосил шуда ва ба зуддӣ ҷонибҳо натоиҷи музокирот дар ин мавридро эълом хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки моҳи майи имсол Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) эълон карда буд, ки то 51 дар сади саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ мекунад.

Баҳси имкон хариди 70 дарсад саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” аз сӯи ин ширкат чинӣ ҳамзамон бо таъкиди раиси Бонки Миллии Тоҷикистон матраҳ шудааст, ки чанде қабл гуфта буд, то поёни имсол сарнавишти ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” мушаххас хоҳад шуд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, низ рӯзи 23-юми ноябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, "то охири сол вобаста ба тақдири минбаъдаи бонкҳо таклифҳо мушаххас хоҳад шуд. Пас аз қабули қарори дахлдори ҳукумат, Бонки Миллӣ дар доираи ваколаташ чора меандешад."

"Тоҷиксодиротбонк" охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист саривақт пули муштариёнро дастрас кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид. Ҳоло мақомоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” мегӯянд, вазъи молиашон беҳтар шудааст, вале бархе аз муштариён ҳанӯз аз камбуди пул дар бонк шикоят доранд.

Соли гузашта, дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон, "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.