Декабр 06, 2018 11:06 Asia/Dushanbe
  • Ворид кардани 40 мошини боркаш барои сохти нерӯгоҳи Роғун

Ширкати Италияии Salini Impregilo S. P. A муҷрии тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғуни Тоҷикистон барои идомаи сохти сарбанди 335 метрии ин нерӯгоҳ 40 мошини боркаши ҷадид ворид кардааст.

Ба нақл аз сомонаи нерӯгоҳи Роғун, ин мошинҳои боркаш барои интиқоли хоку қуми тасфияшуда ба манзури идомаи сохти ин нерӯгоҳ мавриди истифода қарор мегиранд.

Муҳандисони ин ширкати италияӣ барои интиқоли масолеҳ ба маҳалли сохти сарбанди 335 метрии Роғун навори наққолае ба тӯли панҷ ҳазору 500 метр сохтаанд, ки қум ва хоки тасфияшударо ба маҳал мерасонад.  

Барои идомаи сохти сарбанди ин нерӯгоҳ 40 миллион метри мукааб қуму хоки таҳия шуда, ки ба маҳалли сохту соз мунтақил хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати италияии Salini Impregilo S. P. A вогузор кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шуд, ки 16 ноябри 2018 турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад, ки ба ваъдаи хеш амал кард.

Акнун иртифои сарбанди Роғун ба 75 метр ва захираи оби он ба 214 миллион метри мукааб расидааст.

Пештар коршиносони тоҷик замони обгирии комили сарбанди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро 12 то 13 сол эълом карда буданд, аммо ширкати Италияии муҷрии тарҳ ин муҳлатро 15 сол таъин кардааст.