Порис, мизбони намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон
(last modified Tue, 18 Dec 2018 07:51:50 GMT )
Декабр 18, 2018 12:51 Asia/Dushanbe
  • Порис, мизбони намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон

Намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон поизи соли оянда дар Осорхонаи миллии “Гиме”-и шаҳри Порис дар Фаронса баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, маросими имзои муоҳидаи марбута, ахиран, дар шаҳри Порис миёни Осорхонаи ҳунарҳои миллии Фаронса ва Муассисаи таърих, бостоншиносӣ ва қавмнигории вобаста ба Академияи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Тибқи санади ба имзорасида, намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон дар маҳалли осорхонаи “Гиме” дар таърихи чоруми ноябри соли 2019 оғоз ва то 17 феврали соли 2020 идома хоҳад дошт. Маросими имзои ин муоҳида бо ҳузури Ҷамолиддини Убайдуллоҳ, сафири Тоҷикистон дар Порис ва Софе Макариу, раиси осорхона баргузор шуд.

Намоишгоҳи мазкур фурсати хубе барои муаррифии фарҳанги бостонӣ ва ғании мардуми тоҷик хоҳад буд. Ин намоишгоҳ сокинон ва меҳмонони пойтахти Фаронсаро бо осори бостонӣ ва таърихи Тоҷикистон ошно мекунад.

Дар авоили моҳи июли соли ҷории милодӣ Тоҷикистон ва Фаронса тавофуқномае дар мавриди баргузории намоишгоҳи осори бостонии Тоҷикистон дар Осорхонаи ҳунарҳои миллии Фаронса ба имзо расонданд, аммо таърихи баргузории он мушаххас нашуда буд.