Декабр 19, 2018 11:55 Asia/Dushanbe
  • Даромади 56 дарсади хонаводаҳои тоҷик аз Русия таъмин мешавад

Устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва коршиноси умури коргарони муҳоҷир гуфт, бар асоси оморҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират даромади 56 дарсади хонаводаҳои тоҷик аз Русия таъмин мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Раҳмон Ӯлмасов гуфтааст, ки бар асоси эъломи Бонки марказии Русия, дар 9 моҳи нахусти имсол як миллиарду 900 миллион доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон мунтақил шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 170 миллион доллар бештар аст.

Ӯлмасов афзуд, ин маблағ умдатан барои таъмини ниёзҳои маишатии хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҳазина мешавад ва дар умури иқтисодӣ ва рушди фаъолияти бахши хусусӣ мавриди истифода қарор намегирад, ҳол он ки дар Молдова 27 дарсад аз даромади ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар аз Русия, барои иштиғолзоӣ ё корофаринӣ ҳазина мешавад.

Ин устоди донишгоҳ афзуд, ҳамчунин дар Тоҷикистон ба омӯзиш ва омодасозии коргарони мутахассис ва ҳирфаӣ, ки барои иқтисоди Русия ва дигар кишварҳо муносиб бошанд ва танҳо дар сохтусоз ва шуғлҳои сахт истихдом нашаванд, таваҷҷуҳи вижае намешавад.

Ӯлмасов таъкид кард, модоме, ки мегӯянд, даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия баробар бо 40 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст, бояд барои беҳбуди шароити ҳуқуқии ин афрод дар хориҷ барномарезӣ кард.