Декабр 25, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон алоқаманди пайвастан ба тарҳи раводиди муштараки Ҷодаи Абрешими Осиёи Марказӣ

Сарпарасти Кумитаи гардишгарии Узбакистон аз ибрози алоқамандии Тоҷикистон барои пайвастан ба тарҳи раводиди муштараки Ҷодаи Абрешими Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Улуғбек Қосимхоҷаев бо ишора ба иҷрои тарҳи раводиди муштараки Ҷодаи Абрешим байни ин кишвар ва Қазоқистон аз моҳи феврали соли 2019 гуфт, Тоҷикистон низ барои пайвастан ба ин созишнома ибрози алоқамандӣ нишон медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки қаблан Олим Салимзода, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфта буд, давлат ва парлумони ин кишвар аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунанд, чаро ки ин тарҳ барои густариши бахши гардишгарӣ бисёр муҳим аст.

Бар асоси ин тарҳ, ҳар гардишгари хориҷие, ки раводиди сафар ба яке аз ин кишварҳоро дошта бошад, метавонад бидуни мушкил бо ҳамин раводид ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ сафар кунад. Агар миёни Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон раводиди сафар вуҷуд надошта бошад, ин омил мӯҷиби ҷазби бештари гардишгарони хориҷӣ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сарпарасти Кумитаи гардишгарии Узбакистон, мақомоти давлати Туркманистон дар ҳоли баррасии ин тарҳ ҳастанд ва Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки илова бар Тоҷикистону Қирғизистон Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба созишномаи раводиди муштараки Ҷодаи Абрешим бипайванданд.