Декабр 26, 2018 12:14 Asia/Dushanbe
  • Бахши расидагӣ ба хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар назар дорад бахши вижаи расидагӣ ба хушунатҳои хонаводагиро дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳои ин кишвар роҳандозӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Тоҷик ТА”, ин барнома дар ростои мутобиқ сохтани қонуни ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода ва тарҳи миллии мубориза бо хушунати хонаводагӣ барои солҳои 2014 то 2023 тарроҳӣ шудааст.

Бар ин асос, тамоми бемористонҳо муваззаф мешаванд утоқҳои вижаи расидагӣ ба умури шикоят аз хушунат ва рафтори нодурусти хонаводагӣ таъсис ва ба шикоёти шаҳрвандони қурбонии хушунат дар хонаводаҳо расидагӣ кунанд.

Дар ин бахшҳо он даста аз персонали пизишкие истихдом мешаванд, ки омӯзишҳои лозимро барои расидагӣ ба масоили марбут ба хушунати хонаводагӣ фаро гирифта бошанд.

Ҳамзамон бо ин бахш, дар шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон хати вижаи тамоси телефонӣ роҳандозӣ мешавад то қурбониёни хушунат дар хонавода битавонанд аз ин тариқ шикоёти худро ба мақомоти марбута эълом кунанд.

Тайи солҳои ахир мавориди зиёде аз озору азияти афрод дар хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар шудааст.

Дар тозатарин мавриди ҳафтаи гузашта, як бародар хоҳари худро дар ноҳияи Истаравшан ба баҳонаи фирор аз хона ба қатл расондааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп