Декабр 27, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Се омили муҳими тарвиҷи андешаҳои ифротӣ миёни коргарони муҳоҷир

Азия-Плюс бо интишори таҳлиле дар бораи авомили тарвиҷи андешаҳои ифротӣ миёни коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дидгоҳи коршиносонро дар ин маврид ба се даста қисмат кардааст.

Наздик ба ду ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои 2014 то 2017 барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд дар ҳоле, ки умдаи онон дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд.

Коршиносон нахустин омили гароиши ин афрод ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиро монеҳои мухталиф дар роҳи дарёфти иҷозатномаи кор ва иқомат ва ҳазинаи болои он медонанд, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро маҷбур мекунад, ба афроди ғайриқонунӣ дар ин кишвар табдил шаванд ва мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин шароит барои ҷазби онон истифода мекунанд.

Дувум инки моҳҳо пардохт нашудани маошҳо, шароити сахти кор, фишори нерӯҳои интизомӣ ва хатари ихроҷ аз Русия муҷиб мешавад, коргарони муҳоҷири тоҷик худ ба сӯи мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ бираванд.

Нуктаи севум низ ин аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо интишори наворҳои таблиғотӣ чунин вонамуд мекунанд, ки Сурия ва Ироқ биҳиштест, ки дар интизори афроди саргардон ва хоҳони барқарории адолати иҷтимоӣ аст.

Ба далели инки фарҳанги исломӣ дар муқоиса бо муҳити Русия бо коргарони муҳоҷири мусулмон аз ҷумла тоҷикон созгортар аст, онон таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ қарор мегиранд ва пайвастан ба ин гурӯҳҳо бо ваъдаи пардохти маошро роҳи наҷот аз шароити сахти кор дар Русия мебинанд.