Декабр 28, 2018 17:41 Asia/Dushanbe
  • Умедвории Бонки Рушди Авруосиё ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2019

Тибқи  пешбинии Бонки Рушди Авруосиё дар соли оянда Тоҷикистон миёни кишварҳои узви ин банк болотарин рушди иқтисодиро хоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Бонки Рушди Авруосиё дар гузорише рушди қобили таваҷҷуҳи иқтисоди Тоҷикистон дар сол ояндаро пешбинӣ кардааст.

Бинобар ин гузориш, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сол 2019 аз дигар аъзои Бонки Рушди Авруосиё бештар ва дар сатҳи 7 дарсад пешбинӣ мешавад.

Коршиносони Бонки Рушди Авруосиё мӯътақиданд, ки иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон ба рушди иқтисоди ин кишвар кумак хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки пешбинӣ мешавад, рушди иқтисодии Русия дар соли оянда бо ду даҳуми дарсад коҳиш нисбат ба имсол, ба 1.6 дарсад мерасад.

Дар соли 2019 рушди иқтисоди Қазоқистон байни 3.9 то 3.3 дарсад, Арманистон то 5 дарсад ва Беларус ҳудуди 1.6 дарсад пешбинӣ мешавад.

Бино ба гузориши ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 14 тарҳи давлатӣ бо сармоягузорӣ ба маблағи 7.5 миллиард доллар дар дасти иҷро аст.