Тағйироти кадрии нав дар Тоҷикистон
Январ 15, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуда ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сулаймон Зиёзода ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гашт.
Тибқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” барои аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардидани Сулаймон Зиёзода розигӣ дода шуд.
Ёдрас мешавем, ахиран Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод шуда, тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин гардид.