Боздошти сарбози фирории мусаллаҳ дар Тоҷикистон
Январ 25, 2019 19:55 Asia/Dushanbe
Неруҳои амниятии Тоҷикистон субҳи имрӯз муваффақ шуданд як сарбози фирории мусаллаҳро дастгир кунанд.
Ба гузориши Азия-плюс, ин сарбоз, ки ному насаби ӯ ифшо нашуда, панҷшанбешаб аз маҳалли хидмати худ дар қароргоҳи Горди миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода фирор карда буд, ки саранҷом субҳи имрӯз аз сӯи неруҳои амниятӣ боздошт шуд.
Гуфта мешавад ин сарбоз, ки аз вилояти Суғд ба хидмат ҷалб шуда буд, ҳангоми фирор ба як автомати Калашников мусаллаҳ буд.
Ҳануз сабаб ва ангезаи фирори ин сарбоз мушаххас нашудааст.
Дар солҳои охир гузоришҳои фаровоне аз шиканҷа, марг, маҷруҳият ва фирори сарбозони тоҷик ба сабт расидааст.