2.5 миллиард доллар - пули овардаи муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия дар соли 2018
(last modified Sat, 26 Jan 2019 11:21:59 GMT )
Январ 26, 2019 16:21 Asia/Dushanbe
  • 2.5 миллиард доллар - пули овардаи муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия дар соли 2018

Сафири Русия дар Душанбе мизони пули интиқолдодашуда тавассути муҳоҷирини корӣ дар як соли гузаштаи мелодӣ аз Русия ба Тоҷикистонро 2.5 миллиард баровард кард.

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, маблағи интиқолии муҳоҷирони корӣ дар соли гузаштаи мелодӣ ба Тоҷикистон 2.5 миллиард доллар буда, ки бинобар омори мухталиф 35 то 37 дарсади тавлиди нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.

Фролов афзуд, тайи 5 соли ахир муҳоҷирони кории тоҷик танҳо аз тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон беш аз 15 миллиард доллар мунтақил кардаанд, ки 3 баробар бештар аз ҷазби сармоягузориҳои мустақим дар ин кишвар аст.

Сафири Русия дар Душанбе дар идома афзуд, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷик фаъолият мекунанд.

Вай гуфт, дар ин росто Маскав ва Душанбе 6 пешнависи тавофуқнома бо ҳадафи беҳбуди шароити иқомати муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро дар дасти баррасӣ доранд.

Бинобар суханони вай, тавофуқнома дар заминаи тартиби интихоби шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати кории муваққат, мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи муҳоҷират, тавофуқномаи иқомати шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави кишварҳои якдигар аз ҷумлаи он мебошанд.

Ин дипломати рус дар идомаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи муҳоҷиратро яке авлавиятҳои равобит миёни Русия ва Тоҷикистон унвон карда ва гуфт, далели ин авлавиятбахшӣ ба ин мавзуъ бармегардад, ки бахши умдаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору фаъолият ба Русия сафар мекунанд.

Вай афзуд, ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷират ба якдигар вобаста буда ва яке аз вазоифи стратегии мо эҷоди шароит ва маханизмҳо барои ҷазби мутахассисони арсаҳои мухталиф аст.

Фролов дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, дар маҷмуъ ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар пӯёии мусбат дошта ва дар соли 2017 –и мелодӣ ҳаҷми тиҷорати мутақобили Русия ва Тоҷикистон 940 миллион долларро ташкил дод, ки ҳудуди 25 дарсад аз ҳаҷми куллии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Вай гуфт, ин шохис дар поёни соли 2018 -и мелодӣ афзоиши 9 дарсадӣ дошта ва ба мизони як миллиарду 23 миллион доллар расид.

То соли 2014 –и мелодӣ муҳоҷирони кории тоҷик солона аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар пул интиқол медоданд, аммо ин рақам дар соли 2017 –и мелодӣ ба дувуним миллиард доллар коҳиш ёфт.