Камбуди фиристандаҳои мухобиротӣ ва заъфи хутути телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон
Муовини раиси Хадамоти мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон иллати иттисоли заифи телефонҳои ҳамроҳро камбуди фиристандаҳои мухобиротӣ эълом кард.
Ба гузориши сойти “TopTJ”, Илҳомиддин Атоев гуфт, Тоҷикистон барои беҳбуди хадамоти телефони ҳамроҳ ниёз дорад, теъдоди бештари фиристандаҳои мухобиротӣ насб шавад. Ин мақоми тоҷик бо интиқод аз бетаваҷҷуҳӣ ба вазъи фиристандаҳои мухобиротӣ дар шаҳри Душанбе афзуд, насби фиристандаҳои мухобиротӣ дар наздикии сохтмонҳои дар ҳоли сохт мамнӯъ аст. Илҳомиддин Атоев гуфт, насби ин дастгоҳҳо дар наздикии сохтмонҳои дар ҳоли сохт кайфияти ирсоли паёмҳои мухобиротиро коҳиш медиҳад.
Муовини раиси Хадамоти мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон бо ишора ба бархе таблиғот дар бораи зиёнҳои телефони ҳамроҳ барои инсон афзуд, фиристандаҳои мухобирот дар Тоҷикистон мутобиқи стандарти байналмилалӣ ва бо тавсияи Иттиҳодияи Байналмилалии Мухобироти Электронӣ насб мешавад.
Ба гуфтаи Илҳомиддин Атоев, дар Тоҷикистон 22 ҳазор фиристандаи мухобиротӣ насб шудааст, дар ҳоле ки ин теъдод чанд сол пеш ба 26 ҳазор фиристанда мерасид.