Як коршинос: Нуфузи Чин истиқлоли Тоҷикистонро таҳдид мекунад
Пажӯҳишгари масоили Осиёи Миёна аз Қазоқистон дар бораи паёмадҳои ногувори нуфузи Чин дар Тоҷикистон ҳушдор дод.
Ба гузориши сомонаи 365 инфо, Мурод Лимулин зимни дарҷи матлаби муфассале дар сомонаи маркази таҳлилии “Остона” навишт, Тоҷикистон дар ин авохир мавриди таваҷҷуҳи хоси на фақат Амрико, балки Чин қарор гирифтааст.
Сармоягузории Чин дар ин кишвар рӯ ба афзоиш аст, шумори зиёде аз нерӯҳои кории чинӣ ба Тоҷикистон сарозер шудаанд ва мизони қарзи Тоҷикистон аз Чин рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳамин замина, бисёреҳо аз ҳамакнун дар бораи гирифтор шудани Тоҷикистон дар доми иқтисодӣ ҳушдор медиҳанд.
Мурод Лимулин бо баррасии нуфузи рӯзафзуни Чин дар Тоҷикистон менависад, ки ин вазъият истиқлоли Тоҷикистонро таҳдид мекунад.
Ба навиштаи ин таҳлилгари қазоқ, қарзи Тоҷикистон аз Чин ба сатҳи 1 миллиарду 200 миллион доллар расида, ки ин мизон ҳудудан нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи вай, ба дунболи сармоягузорӣ, неруҳои кории чинӣ низ вориди Тоҷикистон шудаанд. Зеро дар қарордодҳои байни ду кишвар, ҳузури коргарон ва мутахассисони чинӣ дар Тоҷикистон қайд шуда, ки ин сиёсати ҳадафманди Чин аст.
Мақомҳои тоҷик ду ҳазор гектар заминро дар шаҳристони Мурғоб ва вилояти Хатлон дар ихтиёри кишоварзони Чин қарор доданд. Дар идомаи ин раванд ба тозагӣ Тоҷикистон боз 500 гектар заминро ба муддати 49 сол ба Чин вогузор кард.
Мурод Лимулин дар охир менависад, ба ин тартиб Чин беш аз пеш дар ҷомеаи Тоҷикистон нуфуз пайдо кардааст, ки ин амр метавонад суботи Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро дучори халал кунад.