Феврал 05, 2019 21:24 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба нафақа баромад

Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо сабаби ба нафақа баромадан, бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд.

Сайфулло Сафаров аз вазифаи муовини якуми директори Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон низ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон озод карда шуд.

Ба ҷойи ӯ Парвиз Муҳаммадзода таъйин гардид.

Худобердӣ Холиқназар аз вазифаи директори Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Диловар Кодирзод таъйин карда шуд.

Фарида Муминова, муовини дигари директори Маркази таҳқиқоти Тоҷикистон низ бо Амри президент аз вазифа озод гардид.

Насриддин Исматулло аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Покистон таъйин гардид.

 

 

Барчасп