Маҳкумияти 5 нафар дар Душанбе ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни "Салафия"
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе моҳи ҷорӣ Манучеҳр Хуҷаев, Зоирҷон Ёров, Азиз Юнусов, Хуршедҷон Бозоров ва Фирӯз Бойматовро дар пайравӣ аз равияи мамнӯи "Салафия" гунаҳкор дониста, ҳар яке аз ононро барои 5 сол равонаи зиндон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз "Озодагон", Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дод, Манучеҳр Хуҷаев моҳҳои октябр-ноябри соли 2006 аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз шахсе бо номи Абдураҳмон таълимоти "Салафия"-ро омӯхтааст.
Хуҷаев баъди бозгашт ба Душанбе чанд бор бо Зоирҷон Ёров, Азиз Юнусов, Хуршедҷон Бозоров ва Фирӯз Бойматов дар Қурутобхонаи маҳаллаи 101-ум ҷамъ омада, онҳоро барои пайравӣ аз ҷараёни "Салафия" даъват кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Юнусов, Бозоров ва Бойматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳи "Ҳикмат-14" пайваста, дарсҳои равияи экстремистии "Салафия"-ро омӯхтаанд ва ба ташвиқу тарғиби он машғул гардидаанд.Бо қарори додгоҳ ҳар узви ин гурӯҳ барои 5 сол ба зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шудаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон ёдрас шудааст, ки "Салафия" дар ин кишвар иттиҳоди экстремистӣ эътироф ва фаъолияти он манъ карда шудааст.