Коҳиши марги ношӣ аз ғарқ шудагӣ дар Тоҷикистон
Ҳаводиси маргбори ношӣ аз ғарқ шудан дар рӯдхонаҳо ва ҳавзҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар шаҳр Душанбе гуфт, соли гузашта 140 нафар шомили 27 кӯдак ва навҷавон ба иллати беэҳтиётӣ ғарқ шуданд, ки ин теъдод дар соли 2017, саду ҳафтод нафар будааст.
Ҳамчунин бинобар иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон соли гузашта 12 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ҳаводиси табиӣ ҷони худро аз даст доданд.
Генерал Рустам Назарзода афзуд, дар як моҳи ахир низ 125 ҳодиса табиӣ дар Тоҷикистон рух дода ва ҳашт қурбонӣ барҷой гузоштааст.
Тоҷикистон, ки 93 дарсад қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози балоҳои табиӣ, кишваре ҳодисахез аст.