Феврал 10, 2019 10:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дубаробарии сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон

Сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2018 дар муқоиса бо соли пеш аз он, беш аз ду баробар афзоиш доштааст.

Ба гузориши Ховар, Нӯъмон Абдулғаффорзода раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: Бо эъломи соли 2018 ба унвони соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва густариши имконоти рифоҳӣ дар ин кишвар, таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар шудааст.

Раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон, раванди рӯ ба афзоиши гардишгарони хориҷӣ дар ин кишварро бо сиёсати дарҳои бози ҳукумат, эҷоди сомонаи дарёфти раводиди электроникӣ, муаррифии зарфиятҳо ва имконоти гардишгарӣ ва низ тавсиаи муносиботи байни Тоҷикистон ва Узбакистон муртабит донист.

Дар соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз як миллиону 155 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар карда ва ҷазби меҳмоннавозии тоҷикон ва табиати зебои ин кишвар шудаанд, ки ин омор нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2017  2,6 баробар афзоиш нишон медиҳад.

Нӯъмон Абдулғаффорзода афзуд: Танҳо дар як соли гузашта беш аз 700 ҳазор гардишгар аз Узбакистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки ин раванд баёнгари рушди муносиботи ин ду кишвари ҳаммарз аст.

 

Барчасп