Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ: Эрон манодии сулҳ ва дӯстӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41658
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Бархилофи дигароне, ки ҳазораи ҷадидро бо ҷангҳои хонумонсӯз шуруъ карданд, Эрон манодии сулҳ ва дӯстӣ буда ва ибтикорҳои он ҳамчун “гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳо” ва “ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгарӣ” дар Маҷмаи умумии Созмони милал ба тасвиби ҷаҳонӣ расидааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 12, 2019 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ: Эрон манодии сулҳ ва дӯстӣ аст

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Бархилофи дигароне, ки ҳазораи ҷадидро бо ҷангҳои хонумонсӯз шуруъ карданд, Эрон манодии сулҳ ва дӯстӣ буда ва ибтикорҳои он ҳамчун “гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳо” ва “ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротгарӣ” дар Маҷмаи умумии Созмони милал ба тасвиби ҷаҳонӣ расидааст.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар гуфтугӯ бо Форс бо ишора ба душмании Амрико ва бархе кишварҳои мустабиди минтақа бо инқилоби исломӣ афзуд: Касе ба шамъи хомуш пуф намекунад ва ба қатори истода санг намезанад. Шамъи инқилоби мо партавафшон аст ва қатори он пуршитоб пеш меравад, бино бар ин мухолифони он пайваста дарсададанд то монеи муваффақияташ шаванд.

Вай таъкид кард: Агар улгуи ҳукумати динии Эрон муваффақ шавад, ки токунун чунин будааст, дигар истикбори ҷаҳонӣ наметавонад бо фароғи хотир ба сиёсатҳои истеъмории худ дар минтақа ва ҷаҳон идома диҳад, бинобар ин то асаргузории паёми инқилоб ва илҳомбахшии он ҳаст ва то ҳақгустарӣ ва ҳимоят аз маҳрумон ва мустазъафон дар қомуси рафтории Эрон бошад, коршиканӣ ва сиёҳнамоӣ дар ҳаққи он низ идома хоҳад дошт.

Вай ҳамчунин бо ишора ба нақши муҳими ҷумҳурии исломии Эрон дар масоил ва мушкилоти минтақа гуфт: Ин нақшофариниро дар кумакҳои Эрон ба муқобила бо терроризм дар Ироқ, Афғонистон ва Сурия ва дар талошҳои миёнҷигаронаи он дар қиболи буҳрони ҷанги дохилии Тоҷикистон, буҳрони Қарабоғ ва буҳрони Яман  метавон дид.

Ба гуфтаи ин дипломати эронӣ, Эрон бар асоси омӯзаҳои инқилоби исломӣ, кишваре масъул аст, ки наметавонад дар қиболи ранҷ ва гирифтории дигарон бетафовут бошад.

Фағонӣ тасреҳ кард: Эрон дар қиболи буҳронҳо ва мушкилоти минтақа, ҳамвора таъкид кардааст, ки бояд дар дараҷаи аввал аз имконот ва зарфиятҳои миллии худи кишварҳои даргири буҳрон истифод шавад ва ин кор бояд бо тамарказ бар усули ваҳдат ва вифоқи миллӣ сурат гирад, сипас барои такмили он, бояд ба дунмболи роҳҳалҳои даруни минтақаӣ буд.