Феврал 18, 2019 10:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷурму ҷиноёт дар вилояти Суғд дар соли 2018

Додситони вилояти Суғд аз афзоиши ҷурму ҷиноёти мухталиф дар соли 2018 дар қаламрави шимоли Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Ҳабибуллоҳ Воҳидов тайи нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки дар соли 2018 дар ин минтақа 6 ҳазору 83 мавриди ҷиноёти мухталиф сабт шуда, ки дар муқоиса бо соли пеш аз он 371 маврид бештар будааст ва мизони ифшои ҷурму ҷиноёт низ 91 дарсадро ташкил медиҳад.

Вай гуфтааст, ки дар соли 2018 дар вилояти Суғд 646 нафар ба иттиҳоми нақзи қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзанд маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ шудаанд.

Ҳамчунин алайҳи заминхорӣ 302 парвандаи ҷиноӣ ташкил ва беш аз 4 ҳазор ҳектор аз заминҳое, ки ғайриқонунӣ тасарруф шуда буд, ба ҳисоби давлат бозгардонида шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Муҳаммад Мирзозода, кафили раиси додгоҳи вилояти Суғд гуфта буд, ки дар соли 2018 -ум 186 сокини ин минтақа ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва мамнуа ва ҳузур дар даргириҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, ки дар миёни ин афрод як зан ва як ҷавони ноболиғ низ мушоҳида мешаванд.

Ҳамчунин алайҳи 24 нафар ба иттиҳоми ҷазби афрод барои узвият дар гурӯҳҳои террористии парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст, ки 8 нафар аз ин афрод зан будаанд.

Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир 587 сокини ин минтақа ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ таҳти таъқиби қазоӣ қарор доранд, ки талош мешавад ин афрод ба кишвар бозгардонида шаванд.

 

Барчасп