Феврал 22, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди намоди ҷашни байналмилалии «Наврӯз 2019» дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон намоди ҷашни байналмилалии Наврӯзи имсолро таъйид кард.

Ба гузориши дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоди ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2019 дар Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар таъйид шуд.

Дар миёнаи ин намоди доирашакли кураи замин, аз ҳар ду тарафаш парчами миллии Тоҷикистон ва пайкҳои баҳор шомили сабза, парасту, нақшу нигор ва тарҳҳои гулдузӣ, монанди ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик ва ҳамчунин рангинкамон бо навиштаи «Наврӯз 2019» ба забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин намунаи бастаҳои пешбинишуда барои ҳадяҳои наврӯзӣ бо шаклҳои мухталифро, ки дар он низ нақшу нигори Наврӯз инъикос ёфтааст, таъйид кард.

Ҷашни аслии Наврӯз ҳар сол дар яке аз манотиқи Тоҷикистон барпо мешавад, ки имсол шаҳри Норак дар маркази ин кишвар мизбони оинҳои наврӯзӣ аст.

Наврӯзи имсоли сокинони Тоҷикистон аз 21 то 26 март, дар маҷмӯъ 6 рӯз таътил ҳастанд.

 

Барчасп