Таъкиди Чин бар идомаи ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i42101-Таъкиди_Чин_бар_идомаи_ҳамкории_низомӣ_бо_Тоҷикистон
Вазорати дифои Чин аз густариши ҳамкориҳои низомии ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Март 01, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар идомаи ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон

Вазорати дифои Чин аз густариши ҳамкориҳои низомии ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши Рашатудей, Рен Гуоқианг, сухангӯи вазорати дифои Чин рӯзи ҷумъа бо таъйиди ҳузури қобили таваҷҷуҳи низомиёни чинӣ дар пойгоҳе дар Тоҷикистон гуфт, ҳамкории низомии байни ду кишвар дар чорчуби қонунҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои муртабити таъйидшуда дар Шӯрои амнияти Созмони милал аст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин бо радди гузоришҳои мунташиршуда дар бораи ҳузури низомии Чин дар Афғонистон тасреҳ кард, Пекин ҳеҷ неруи чиниро дар Афғонистон мустақар накардааст.