Сокинони Тоҷикистон бо афзоиши қимати интернет чӣ кор хоҳанд кард?
(last modified Sat, 09 Mar 2019 08:30:19 GMT )
Март 09, 2019 13:30 Asia/Dushanbe
  • Сокинони Тоҷикистон бо афзоиши қимати интернет чӣ кор хоҳанд кард?

Бо эъломи афзоиши қимати интернет дар Тоҷикистон аз 27 –уми марти соли ҷорӣ, акнун ин пурсиш матраҳ мешавад, ки сокинони ин кишвар дар баробари ин иқдом чӣ кор хоҳанд кард?

Ба гузориши хабаргузории Спутник, аз 27 марти соли ҷорӣ қимати як мегабайт интернет дар Тоҷикистон бидуни молиёт бар арзиши афзуда ба 50 сомонӣ (муодили 5 доллару 3 сент) хоҳад расид.

Рустам Қосимов, мудири созмони иҷтимоии интернет муътақид аст, ки ин иқдом муҷиби коҳиши ҷиддии теъдоди корбарони интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон нахоҳад шуд.

Ҳатто дар манотиқи кӯҳистонӣ, ки ҳама мардум ба роёна ва интернети телефони ҳамроҳ дастрасӣ надоранд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба унвони васоили иртиботии мавриди истифодаи аксари корбарон қарор мегиранд.

Аз ин рӯ, бо афзоиши қимати интернет корбарон тарҷеҳ медиҳанд, ки бо ирсоли паёмакҳои кӯтоҳ тавассути WhatsApp қаноат кунанд.

Тамошои файлҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба далели ҳазинаи боло барои корбарон дигар муяссар нахоҳад шуд.

Ҳамчунин Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки дар мароҳил нахуст амалӣ шудани ин дастур, теъдоди корбарони интернетӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Ба ин далел беҳтар аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон мутаносиб бо вокуниши бозор амал кунад, зеро тайи 2 то 3 моҳи нахуст ба таври қатъӣ мо бо коҳиши теъдоди корбарон рӯбарӯ хоҳем шуд, ки бо уфти даромади молии ширкатҳо низ ҳамроҳ хоҳад буд.

Дар ин шароит сокинони Тоҷикистон маҷбур мешаванд, ки аз роёнаҳои манзил истифода кунанд ва бо интернети телефони ҳамроҳ танҳо дар мавқеиятҳои изтирорӣ тамос бигиранд.

Афзоиши қимати истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле эълом шуд, ки ин кишвар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ, охирин кишвари ҷаҳон буд ва мақоми садусивуҳафтумро ба худ ихтисос дод. Гуфта мешавад, ки суръати интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон 5,4 садуми мегабайт дар сония аст.

Ин шохис дар Афғонистон, ки як зина болотар аз Тоҷикистон қарор дорад, 5,68 садуми мегабайт эълом шудааст.