Сентябр 15, 2016 18:24 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи ду соли ахир наздики 1 млрд 300 млн доллар кам шудааст.

Бар асоси иттилои агентии давлатии омори Тоҷикистон ҳаҷми савдои хориҷии ин кишвар дар 8 моҳи соли 2016 наздики 2 млрд. 545 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015  7,6 дар сад ё худ беш аз  222  млн доллар камтар аст.

Ба гуфтаи ин манба дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулот 1,9 дар сад  ё худ 11,7 млн доллар ва ҳаҷми воридот 9,1 дар сад ё худ  196 млн доллар коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2014 беш аз 3 млрд 800 млн доллар будааст, ки дар қиёс ба нишондоди соли ҷорӣ наздики 1 млрд 300 млн доллар бештар аст.

Аз сабабаҳои асосии кам шудани  тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиши ҳаҷми воридоти чӯб, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти маъданӣ ва маводи  ғизоӣ, ҳамчунин кам шудани ҳаҷми содироти нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо, фулузот, маҳсули чорводорӣ ва боғдорӣ унвон шудааст.

Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб  шуда, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ  ҳаҷми тиҷорат миёни  Душанбе  ва Маскав ҳудуди 660 млн доллар  ва миёни Душабне ва Пекин  наздики  620 млн  долларро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки  дар қиёс ба омори ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ  бо Русия 10 дар сад кам шуда, бо Чин баръакс   45 дар сад  афзудааст.

Ба гуфтаи коршиносон тайи даҳсолаи ахир тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба таври назаррас манфӣ буда,  мизони воридот дар қиёс ба содирот се баробар бештар аст.

Дар ҳамин ҳол масъулини вазорати рушди иқтисод ва  тиҷорати Тоҷикистон мегуянд, ки бо ҳадафи афзоиши содирот ва коҳиши тавозуни манфии тиҷорати хориҷӣ,  барномаи давлатӣ барои то соли 2020 таҳия шуда, мавриди иҷро қарор дорад.

Аз сӯи дигар БМТ мегуяд, ки дар  8 моҳи соли ҷорӣ  сатҳи таваррум дар ин кишвар 4,5 дар садро ташкил дода,  мизони  таварруми солона, яъне тайи 12 моҳи ахир, ба  6,4 дар сад баробар шудааст.

Давлати Тоҷикистон талош  дорад, ки сатҳи таваррумро дар соли 2016 дар ҳади  7 дар сад  нигоҳ дорад. Мизони таварум дар Тоҷикистон дар соли 2015  5,1 дар садро ташкил дода буд.

Аммо созмонҳои байналмилалии молӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон барои соли 2016-ро ба сурати мухталиф арзёбӣ мекунанд.  Бонки осиёии рушд  7 дар сад,  Бонки ҷаҳонӣ  7,5 дар сад ва СБП 8,2 дар сад  мизони таварумро барои Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд.

Ҳамзамон пешугиҳои созмонҳои байналмилалии молӣ  дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон низ аз ҳам тафовут доранд.

Бад ин тартиб БОР мизони рушди тавлидоти нохолиси Тоҷикистонро барои соли 2016  4.2 дар сад,  СБП 3.4 дар сад ва БҶ 4.8 дар сад пешгӯи мекунанд, аммо давлати Тоҷикистон мегуяд, ки тавлидоти нохолиси ин кишвар дар соли 2016  на камтар 7 дар сад рушд хоҳад дошт.