Март 16, 2019 09:50 Asia/Dushanbe
  • 600 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти имсол

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи ду моҳи нахусти соли 2019 ба 600 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 32 миллиондоллариро нишон медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, дар ин муддат ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ 120 миллион доллар эълом шуда , ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷ 477 миллион доллар эълом шудааст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл ин шохис 475 миллион доллар буд.

Мизони табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 155 миллион доллар расида ва бо Қазоқистон ба маблағи 125 миллион доллар ва Чин 80 миллион доллар муомилоти тиҷорӣ анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2018 ба 4 миллиарду 200 миллион доллар расидааст, ки 3 миллиарду 100 миллион доллар ба нафъи воридот аст.

 

Барчасп