Боздошти ду корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва
(last modified Thu, 28 Mar 2019 06:20:16 GMT )
Март 28, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва

Кумитаи давлатии дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон боздошти ду корманди Донишкадаи исломии ин кишвар ба иттиҳоми дарёфти ришваро таъйид кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, мақомоти ин кумита гуфтаанд, ки Абдуссамад Яҳёев, мудир (декан) - и бахши исломшиносӣ ва Наҷмиддин Самиев, масъули умури озмуни ин донишкада ба иттиҳоми дарёфти маблағи наздик ба 70 ҳазор доллар аз 22 довталаби вуруд ба ин маркази омӯзишӣ, бидуни мушорикати онон дар озмуни саросарии вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, боздошт шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир бо ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми дарёфти ришва ва таҳияи асноди тақаллубӣ ва муҳру имзои сохтагӣ, баррасии ин моҷаро оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2015 бояд тамоми довталабони вуруд ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои ин кишвар дар озмуни саросарӣ, ки аз сӯйи маркази воҳиди имтиҳонот баргузор мешавад, ширкат кунанд ва танҳо бо таъйиди ин марказ афроди пазиришшуда метавонанд дар марокизи омӯзишӣ машғул ба таҳсил шаванд.

Аз соли 2012 дар Тоҷикистон тамоми мадрасаҳои исломӣ баста шуда ва Донишкадаи исломӣ - танҳо маркази омӯзиши улуми исломии ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Аммо ин ду корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо таҳияи асноди тақаллубӣ бидуни мушорикати 22 довталаби вуруд ба ин марказ дар озмуни саросарӣ иқдом ба пазириши онон кардаанд.