Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони милали муттаҳид
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар қароргоҳи Созмони милали муттаҳид дар шаҳри Нию-Йорки Амрико дидор кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддини Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо Антониу Гутерреш дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони милал, авзои минтақа ва Афғонистон ва мубориза бо терроризм баҳс ва табодули назар карданд.
Тарафайн ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкории ду тараф дар заминаи иҷрои барномаи байналмилалии даҳсолаи «Об барои рушди пойдор, солҳои 2018-2028»-ро баррасӣ карданд.
Сипас бо ибтикори тарафи тоҷик дар қароргоҳи Созмони милал барномае бо унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим» бо ширкати намояндагон ва мутахассисони беш аз 130 кишвари мухталифи узви Созмони милал ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.
Ин барнома бо суханронии Мария Эспиноса раиси ҳафтодусевумин нишасти маҷмаи умумии Созмон милал оғоз шуд ва дар он нахуствазири Фиҷи, вазири хориҷаи Тоҷикистон, намояндаи дабири кулли Созмони милал дар умури иқлим, муовини вазорати энержии Марокаш ва соири мақомоти ҳозир суханронӣ карданд.
Сироҷиддини Муҳриддин дар ин маросим аз намояндагони кишварҳои узви Созмони милал хост аз раванди амалисозии ибтикори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи ҷаҳони «Об барои рушди пойдор» ҳимоят кунанд.