Апрел 03, 2019 19:59 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Қатар ба Тоҷикистон барои муқобила бо ҳаводиси ғайримунтазира

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз иҷрои теъдоде аз проектҳои давлати Қатар дар ин кишвар барои муқобила бо ҳаводиси ғайримунтазира хабар дод.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз оғози тавсеаи чаҳор проекти ин кумита ва Кумитаи танзими кумакҳои башардӯстонаи давлати Қатар дар Душанбе хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, проектҳои мазкур дар чорчӯби тавсеаи бештари ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳавзаи пешгирӣ ва лағви балоёи табиӣ сурат мегиранд.

Бино ба суханони вай, ин проектҳо бо ҳадафи расидагӣ ба масоили марбут ба иртиқои сатҳи ҳирфаии коркунони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, зарфияти фаннӣ ва созмондеҳии корҳои ҳифозатӣ дар савоҳили рӯдхонаҳо сурат мегиранд.

Ба таври хос, қарор аст дар чорчӯби иҷрои ин проектҳо як студияи хурди телевизиони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эҷод, таҷҳизоти фаннӣ барои озмоишгоҳи радиометрии кимиёӣ, сӯхт, махозин барои захирасозии он ва таҷҳизот барои анҷоми корҳои ҳифозатӣ дар савоҳили рӯдхонаҳо харидорӣ мешавад.

Иҷрои проектҳои мазкур дар натиҷаи дидори ҳайати Кумитаи танзими кумакҳои башардӯстонаи давлати Қатар дар заминаи шароити изтирории моҳи июли соли 2018 мелодӣ аз Тоҷикистон, сурат мегирад.

 

Барчасп