Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар тавсеаи роҳҳои заминӣ дар тарҳи ҷоддаи Абрешим
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дуввумин нишасти байналмиллалии "Як камарбанд, як роҳ" дар Чин гунҷондани тарҳҳои тавсеъаи роҳҳои заминии минтақавиро дар ин тарҳ хостор шуд.
Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дуввумин нишасти байналмиллалии "Як камарбанд, як роҳ" дар зарурати тавсеаи шабакаи роҳҳои заминӣ барои афзоиши муомилоти тиҷорӣ байни кишварҳои минтақа таъкид кард.
Раҳмон пешниҳод кардааст, ки дар ин тарҳ бояд ба сохту тавсеаи масирҳои иртиботии заминии Чин ба Тоҷикистон ва Узбакистон ва Чин ба Тоҷикистон ва Афғонистон ба манзури дастрасии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ ба обҳои озод таваҷҷуҳ шавад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, тавсеаи ин масирҳо заминаи афзоиши муъомилоти тиҷорӣ, коҳиши таърафаҳои транзитӣ ва ҳазинаҳо ва замони интиқоли коло ва маҳсулотро фароҳам мекунад.
Аммо Сергей Созонов коршиноси пажуҳишгоҳи масоили Ховари дури Русия муътақид аст, ки бо вуҷуди ҷаззоб будани тарҳи "Як камарбанд, як роҳ" имкони амалисозии бархе аз тарҳҳои мавриди назар дар ин барнома заъиф аст.
Ин коршиноси рус мегуяд, дар тарҳи "Як камарбанд, як роҳ" бар сохти роҳи оҳани минтақавӣ дар масири Чин- Қирғизистон- Узбакистон- Туркманистон ва Эрон тамаркуз шудааст зеро истифода аз зарфияти роҳи оҳани мавҷуд дар ин кишварҳо ба маротиб арзонтар аз сохти масирҳои заминии пурҳазина дар шароити куҳистонии Тоҷикистон хоҳад буд.