Эътирози Наимҷон Самиев ба ҳукми додгоҳи Хуҷанд
Наимҷон Самиев, узви собиқи Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 9 апрели соли равон ба 15 сол зиндон маҳкум шуда буд бо дарёфти матни ин ҳукм акнун ба додгоҳи вилояти Суғд барои таҷдиди назар шикоят кард.
Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ, Абдуррашид Самиев фарзанди Наъимҷон Самиов гуфтааст, ки падараш ин ҳукмро ғайримунсифона медонад ва барои таҷдиди наазар ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят кардааст.
Наъимҷон Самиов яке аз масъулони собиқи Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломӣ, ки авохири соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил шуда буд, бар асоси ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки дар рӯзи 9 апрели соли равон пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи шумораи дуи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба иттиҳоми мушорикат дар фаолияти гуруҳҳои ифротии ҷиноӣ, омӯзиши ифротигарӣ ва доштани силоҳ ва муҳиммоти ғайримуҷоз ба 15 сол зиндон маҳкум шуд.
Аммо наздикони вай мегуянд, ки кормандони додситонии шаҳри Хуҷанд ба вай пешниҳод карда буданд, ки дар сурати эътироф ба иттиҳоми доштани силоҳ ва муҳиммоти ғайримуҷоз ду мавриди иттиҳоми мушорикат дар фаолияти гуруҳҳои ифротии ҷиноӣ, омӯзиши ифротигариро аз павандааш ҳазф мекунанд, ки ин иттифоқ наафтод ва додгоҳ бар асоси ин се маврид иттиҳом вайро ба 15 сол зиндон маҳкум кард.
Самиев ҳамонанди бештари фаолони Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломӣ таҳти пайгарди қазоии мақомоти Тоҷикистон буд ва аз аввали соли 2015 ба таври нимапинҳонӣ дар Русия ба сар мебурд.
Наъимҷон Самиов аз соли 2005 то замони мамнуъ шудани фаолияти ҲНИТ дар соли 2015 узви раёсати олии ин ҳизб буда ва аз соли 2008 то 2013 ба унвони раиси шуъбаи вилоятӣ ва аз соли 2013 то авоили 2015 ба унвони раиси бахши ноҳияии ин ҳизб дар ноҳияи Исфара фаолият кардааст.
Ва ба далели фаолияти густардаи сиёсиаш дар Тоҷикистон қабл аз мамнуъ шудани фаолияти Ҳизби Наҳзати исломӣ низ таҳти фишор ва таъқиби шадид буд, то инки дар аввали соли 2015 яъне ҳашт моҳ қабл аз мамнуъ шудани фаолияти ин ҳизб маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд.