Дархости азсаргирии фаъолияти садҳо масҷид дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 05 May 2019 11:20:04 GMT )
Май 05, 2019 16:20 Asia/Dushanbe
  • Дархости азсаргирии фаъолияти садҳо масҷид дар Тоҷикистон

Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон бо ирсоли феҳрасти 594 масҷиди таътилшуда ба дафтари иҷроияи ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар хостори азсаргирии фаъолияти ин амокин шуд.

Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон барои азсаргирии фаъолияти 594 масҷид дар пайи иқдоми дафтари раёсатҷумҳурии ин кишвар барои таҳияи феҳрасти масоҷиде, ки имкони азсаргирии фаъолияти онҳо вуҷуд дорад, ин дархостро матраҳ кардааст. Дархости азсаргирии фаъолияти бахше аз масоҷиди таътилшуда тавассути дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст ва интизор меравад, дарҳои ин масоҷид авоили моҳи мубораки Рамазон дубора бозгушоӣ шаванд.

Ба рағми таътили садҳо масҷид дар Тоҷикистон бо баҳонаи надоштани муҷаввизи расмӣ, бавижа байни солҳои 2015 то 2017 мушаххас нест, ки чаро давлати Душанбе ба бозгушоии масоҷиди бидуни муҷаввиз тарғиб шудааст. Дар ин робита Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон пештар иддао карда буд, дар муқоиса бо соири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон теъдоди масоҷид ба маротиб бештар аст ва ниёзе ба ин теъдод марокизи ибодӣ вуҷуд надорад.

Воқеият он аст, ки давлати Тоҷикистон, ки монанди соири давлатҳои Осиёи Марказӣ низоми ҳоким бар Душанберо дунявӣ қаламдод мекунад, дар соли 2017 беш аз 1700 масҷидро бо баҳонаи надоштани муҷаввизи расмӣ барои фаъолият таътил карда буд. Дар ин замина бисёре аз коршиносони масоили Тоҷикистон мегӯянд, ба далели сахтгириҳои давлати Душанбе дар умури динӣ ва мазҳабӣ тайи чанд соли гузашта теъдоди зиёде аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротӣ мулҳақ шудаанд. Дар ҳамин иртибот мақомҳои давлати Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки беш аз ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ, бавижа ДИИШ дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд.

Тайи беш аз ду даҳаи гузашта эъмоли тангноҳо ва маҳдудиятҳои давлати Душанбе барои фаъолиятҳои масоҷид ва намозгузорон ва дар маҷмӯъ, тамоми муъминини тоҷик дар амал зарбаи сангине ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ворид сохтааст. Бавижа беш аз 98 дарсад аз мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд, аммо имкони рафтан ба масоҷиди мавриди алоқаи худро надоранд. Тибқи Қонуни озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои динӣ дар Тоҷикистон, масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта дар шаҳру навоҳии ин кишвар танҳо дар сурати доштани теъдоди мушаххаси намозгузор ҳаққи фаъолият доштаанд. Ҷудо аз ин маҳдудият ва тангнои қонунӣ тайи чанд соли гузашта дар канори дарҳои вурудии масоҷиди пойтахт теъдоди зиёди маъмурони пулис ба манзури бозрасӣ аз намозгузорон меистоданд. Маъмурони пулиси Тоҷикистон ҳамчунин аз вуруди ҷавонони зери 18 сол ба масоҷиди ҷилавгирӣ ба амал меоварданд. Ба назар мерасад, эъмоли ин маҳдудиятҳо алайҳи боварҳои динии мардуми Тоҷикистон беш аз ин ки ба камранг шудани ин боварҳо бианҷомад, мӯҷиби таҳкими иродаи мардуми мусалмони ин кишвар дар ҳифзи фармудаҳои динии онҳо хоҳад шуд.