Тасвиби стратегии мушорикати 5 солаи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон
(last modified 2019-05-16T06:13:26+00:00 )
Май 16, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби стратегии мушорикати 5 солаи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ стратегии нави мушорикат бо Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023-ро тасвиб кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Бонки ҷаҳонӣ аз тасвиби стратегии нави мушорикат бо Тоҷикистон ба муддати 5 сол аз соли 2019-2023 хабар дод.

Бино бар ин гузориш, стратегии нави мушорикати Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон  мутамаркиз бар ҳимоят аз талошҳои ин кишвар дар ростои беҳбуди модели иқтисодӣ ва тамаркузи бештар бар тавсеъаи бахши хусусӣ ва содирот мебошад.

Ён Питер Олтрес намояндаи доими Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт, бо дастёбии ин кишвар ба бозорҳои Осиёи ҷанубӣ, шарқӣ ва марказӣ, як маркази энержии қорраӣ эҷод мешавад. Ин амр метавонад ба Душанбе барои эҷоди як иқтисоди модерни мутамаркиз бар афзоиши рифоҳи мардум ва эҷоди иштиғол кумак кунад.

Вай гуфт, дар ин марҳилаи рушд, Тоҷикистон бояд аз мушорикати бахши хусусии пойдор, муъассисоти давлатии коромад ва ҷамъияти солим барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеъа истифода кунад.

Танҳо 13 дарсад аз иштиғоли расмӣ ва 15 дарсади ҳаҷми сармоягузорӣ дар  Тоҷикистон марбут ба бахши хусусӣ мебоашд.

Ин барномаи 5 сола аз тариқи талошҳои муштараки се муъассисаи Бонки ҷаҳонӣ, ширкати байналмиллалии молӣ ва Ожонси тазмини сармоягузории чандҷониба бо ҳамкории наздики шарикони маҳаллӣ ва байнамиллалии тавсеъа ба иҷро дар меояд.