Май 25, 2019 14:44 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти волидон барои нақзи қонун аз сӯи фарзандон дар Суғд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд эълом кардааст,ки таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 46 нафар аз волидонро ба иттиҳоми нақзи қонуни Масулияти Падару модар дар тарбияти фарзандон, ҷарима кардааст.

Ба нақл аз хабргузории Спутник, таи ин муддат 132 парванда дар иртибот бо нақзи қонуни Масулияти волидон дар тарбияти фарзандон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст,ки падару модари ин афрод муҷозот шудаанд.

Мақомоти додгоҳи шаҳри Хуҷанд мегуянд,ки пас аз баррасии ин парвандаҳо 78 падару модар танбеҳ шуда ва 46 нафари дигар ба пардохти маблағи 5 ҳазору 200 сомонӣ ҷаримаи моллӣ маҳкум гардидаанд.

 Ин дар ҳоле аст,ки Нуриддин Саид Вазири маъориф ва улуми Тоҷикистон дар соли 2017 аз ҷаримаи моллии 10 ҳазор падару модар барои нақзи қонун, Масулияти падару модар дар тарбияти фарзандон хабар дода буд.

Ба гуфтаи вай мизони маблағи дарёфтшудаи ҷаримаи моллии ин афрод ба иттиҳоми нақзи қонуни ёдшуда аз сӯи фарзандонашон ба зиёда аз 1 миллион сомонӣ расидааст.

Қонуни Масулияти волидон дар тарбияти фарзандон, аз соли 2011 дар Тоҷикистон иҷро шудааст,ки ҳамасола ҳазорон нафар аз падуру модари донишомӯзон ва донишҷӯён ба иттиҳоми нақзи ин қонун аз сӯи фарзандонашон маҳкум ба пардохти ҷаримаи моллӣ мегарданд.

Барчасп