Июн 03, 2019 09:16 Asia/Dushanbe
  • Нақши камранги Тоҷикистон дар тарҳи раводиди муштараки Осиёи Марказӣ

Узбакистон ва Қазоқистон дар ҳоле,ки машғули малӣ кардани раводиди муштарак барои сафари гардишгарони хориҷӣ ҳастанд,мақомоти Тоҷикистон мегуянд ин мавзуъро баррасӣ мекунанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ин тарҳ ба ибтикори мақомоти Қазоқистон ироа шуда ва ҳадафи он,осон намудани вуруди гардишгарони хориҷӣ аст,ки бо як виза ба яке аз кишварҳои осиёи Марказӣ сафар мекунанд то битавонанд бедарёфти раводид ба дигар ҷумҳуриҳои ин минтақа ворид шаванд.

Дар ҳоли ҳозир наҳваи иҷроӣ кардани ин тарҳ,ки мавсум ба Раводиди Абрешим аст миёни мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон бо ҳадафи вуруди бештари гардишгарони хориҷии ин ду кишвар дар дасти баррасӣ аст. Дар соли 2018 наздик ба 8 миллион ва 500 ҳазор гардишгар ба Қазоқистон ва 5 миллион нафар ба Узбакистон ворид шудаанд.

Ин дар ҳолест,ки дар соли 2018 ба Қирғизистон 1 миллион ва 400 ҳазор нафар ва Тоҷикистон 1 миллион гардишгар сафар кардаанд.

Бо вуҷуди тамоюли Тоҷикистон барои пайвастан ба ин тарҳ, аммо коршиносон  муътақиданд,ки  зерсохтҳои гардишгарии ин кишвар омодаи пазириши мутақозиёни сафар нест.

 Шгрф  Мулло Абдуллоҳ мудири ширкати гардишгарии Бадахшон мегуяд; набуди парвози мустақим миёни Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта, гарон будани қимати чиптаи ҳавопаймо ва сухт ва кайфияти поини хадамот дар зерсохтҳои гардишгарии ин кишвар монеъи рушди ин санъат мешавад.

Ҳатто қимати чиптаи ҳавопаймо ва сухт дар Қирғизистон дар муқоиса бо Тоҷикистон ба маротиб арзонтар аст,ки ин амр муҷиби вуруди гардишгарони бештари хориҷӣ ба кишвари ҳамсоя мешавад