Июн 15, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Ниёзи корхонаи  нуриҳои минералии  Тоҷикистон ба сармоягузорӣ

Танҳо корхонаи дар ҳоли бозсозии нуриҳои минералии Вахш дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ниёз ба сармоягузории изофӣ додад ва таи се соли ахир 240 нафар аз коргарони он маошҳои худро дарёфт накардаанд.

Ба нақла аз сомонаи Кумитаи давлатии мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, қарор буд ин  корхона дар соли 2018 ба баҳрабардорӣ бирасад,ки акнун Ҳукумати Тоҷикистон дар паи ҷазби сармояи изофӣ дорад.

Ширкати чинии“Ҳенон Чжун Я” дар моҳи сентябри соли  2016 саҳоми молии ин маркази тавлидиро харидорӣ кард ва таи ин муддат маоши коргарони ин корхона пардохт нашудааст.

Пеш аз ин Фоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дастур дода буд,ки агар дар оғози соли 2019 ширкати ёдшудаи чинӣ ба таъаҳудоти худ дар заминаи ба баҳрабардорӣ расондани корхонаи  нуриҳои минералии   Вахш амал нукунад бояд  дар паи сармоягузорӣ дигар буд.

 Дар соли 2001 Димитрий  Фирташ сармоягузори Украининӣ 75 дар сад аз саҳоми молии ин корхонаро харид, аммо дар соли 2009 ба далели қатъи гази содиротии Узбакистон фаъолияти корхонаи нуриҳои  минералии   Вахш мутавақиф шуд ва дар соли 2014 додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми вогузории ғайри қонунии ин маркази тавлидӣ ба Димитрий  Фирташ ҳукми мусодираи ин корхонаро содир кард.

Интизор меравад,ки пас аз бозсозии корхонаи нуриҳои минералии  Вахш бо таъмини ниёзи Тоҷикистон ба маҳсулоти он заминаи содирот ба мизони 1 миллион тон ба Афғонистон ва 300 ҳазор тон ба Қирғизистон низ фароҳам гардад.

Ин дар ҳоле аст,ки Тоҷикистон таи ду соли ахир 352 ҳазор тон нуриҳои минералӣ   ба маблағи 69 миллион доллар ворид кардааст.

Барчасп