Июн 24, 2019 11:41 Asia/Dushanbe
  • Заҳролуд шудани даҳҳо шаҳрванди Tоҷикистон дар Маскав

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик,ки дар як корхонаи дару тирезасозӣ дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав кор мекунанд,заҳролуд шуданд.

Ба нақл аз манбаъҳои тоҷикӣ, Иззат Амон мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон,ки ин ҳодисаро аз наздик пайгирӣ мекунад,рӯзи 23 июн ба манбаъҳои тоҷикӣ иттилоъ дод,ки ин ҳодиса шаби 22 июн иттифоқ афтодааст ва бар асари он,50 шаҳрванди тоҷик заҳролуд шудаанд.

Ба гуфтаи вай,ду нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар бахши муроқибатҳои вижа ( Эҳёгарӣ ) бистарӣ шудаанд ва ваъияти шаш нафар аз онон вахим арзёбӣ мешавад.

Иброҳим Аҳмадӣ сухангуи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт; 12 муҳоҷир заҳролуд шуда дар бемористон бистарӣ ва дигар муҳоҷирон пас аз истеъмоли дору аз бемористон ҷавоб дода шудаанд.

Аҳмадӣ гуфт; намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон шаби гузашта ба бемористон рафтанд ва бар ҷараёни таҳқиқи ҳодиса назорат карданд.

Ба гуфтаи вай, бино бар иттилои муқадамотӣ,онҳо аз ғизое,ки дар маҳали корашон хурдаанд заҳролуд шудаанд. шоҳидони ҳодиса гуфтаанд,асри рӯзи якшанбе муҳоҷирон ба якбора ба дарди шикам печида ва бархе хун боло оварданд.

Дар ин корхона беш аз 200 муҳоҷири кор мекунан. Даҳҳо муҳоҷир аз Узбакистон низ дар онҷо машғуланд.

Мақомоти пулис ва тандурустии русия ҳануз вазъиятро шарҳ надодаанд.

Роҳбарияти корхонаи дару  тирезасозӣ низ ҳозир нашуданд дар ин бора суҳбат кунанд. танҳо масулони корхона ба пизишкон кӯтоҳ гуфтанд,гӯё муҳоҷирон баъд аз хурдани харбуза ба ин ҳол афтодаанд. аммо муҳоҷирони тоҷик мегуянд барои харидани харбуза пуле надоранд,ки харҷ кунанд.

Ба гуфтаи яке аз муҳоҷирон,бачаҳо баъд аз хурдани хурок дар ошпазхонаи умумии корхона ба ин ҳол гирифтор шуданд.