Ифшои ҷузъиёте аз парвандаи ришвахории як мудири ҳукуматӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 17 Jul 2019 09:54:13 GMT )
Июл 17, 2019 14:54 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҷузъиёте аз парвандаи ришвахории як мудири ҳукуматӣ дар Тоҷикистон

Ҷузъиёте аз парвандаи ришвахории яке аз мудирони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар боздошт ба сар мебарад, расонаӣ шудааст.

Ба нақл аз сайти "Ахбор", бо гузашти беш аз ду моҳ аз боздошти Камолиддин Мирзоев, директори маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми ришвахӯрӣ расонаҳои Тоҷикистон ҷузъиёте аз парвандаи ӯро фош карданд.

Камолиддин Мирзоев 14 майи соли 2019 дар пайи шикояти кормандони идораии таҳти мудирияташ дар нощияи Рӯдакӣ, аз ҷумла пизишкон ва парасторони ин бахш боздошт шуда ва аз он замон интизори ҳукми додгоҳ аст.