Июл 20, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Вазири маъорифи Тоҷикистон; зарурати бозгашт ба хати форсӣ вуҷуд надорад

Вазири маъорифи Тоҷикистон эълом кард,ки дар ин кишвар ҳеҷ зарурате барои бозгашт аз алифбои срилик ба хати форсӣ вуҷуд надорад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Нуриддин Саид таи нишасти хабарии ахири хеш дар шаҳри Душанбе гуфтааст,ки дар кишвараш ҳеҷ зарурате барои бозгашт аз алифбои срилик ба хати форсӣ вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи вазири маъорифи Тоҷикистон дар ин кишвар барномае барои тағийри алифбои срилик ба хати форсӣ,ки то соли 1929 дар қаламрави Тоҷикистон мавриди истифода буд ва ҳукумати Шуравӣ иқдом ба тағийри он кард,дар дастури кор нест.

Вай таъкид кардааст,ки дар мадрасаҳои давлатии Тоҷикистон дар синфҳои ҳафтум ва ҳаштум хати форсӣ тадрис мешавад ва дар ин маврид китобҳои мавриди ниёз мунташир шудааст.

Хати расмии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз то соли 1929 и мелодӣ форсӣ буд,ки ҳукумати вақти Шуравӣ нахуст алифбои лотин ва дар соли 1940 хати сриликро ҷойгузини он кард.

Барчасп