Июл 24, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии ахири марзӣ

Дар пайи даргирии ахири марзӣ мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам дидор карданд.

Дар пайи муноқиша ва даргирии ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, мақомоти ду кишвар бо ҳам дидор карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар пайи даргирии ахир дар марзи ду кишвар, бо ҳам дидор карданд.

Дар ҷараёни ин музокирот тарафайн дар заминаи таҳқиқ дар бораи далоили даргирӣ ва кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон ва шиносоии омилони ин ҳодиса тавофуқ карданд.

Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин музокирот дар мавриди гаштҳои муштараки мақомоти зирабти ду кишвар дар манотиқи марзӣ мувофиқат карданд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти маҳаллӣ барои беҳбуди вазъият дар марзи ду кишвар талош мекунанд. Бо ин ҳол бинобар изҳороти шаҳрдории Исфараи Тоҷикистон ҳанӯз роҳи миёни Ворухи ин кишвар ва Оқсойи Қирғизистон масдуд аст.

Дар пайи даргирии ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки баъд аз зуҳри 22-юми июл оғоз шуд, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва теъдоди дигаре аз ҳар ду тараф захмӣ шуданд. Бо ин ҳол, қарор аст дар ҳафтаи ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон дар манотиқи Исфара ва Ворух дидор кунанд.

 

Барчасп