Июл 27, 2019 20:24 Asia/Dushanbe
  • Манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дасти бародарӣ медиҳанд

Қирғизистон ва Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофоти марзии дерина байни ду кишвар, миёни шаҳрҳо ва вилоёти ин манотиқ равобити бародархондагӣ барқарор мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, руасои ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофоти марзии ду кишвар дар шаҳри Чолпон- ота, дар соҳили Иссиқкӯл барои дувумин бор дидор ва дар баёнияи муштарак эълом карданд, ки барои эътимодсозӣ ва густариши муносибот миёни манотиқи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон, равобити бародархондагӣ миёни навоҳӣ, шаҳрҳо ва вилоёти марзии ин ду кишвар барқарор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков ҳамчунин густариши равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ ва омӯзишу парваришро хостор шуданд.

Сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ишора ба вуҷуди захоири бузурги об дар ду кишвар, бар истифода аз ин манобеъ барои таъмини барқи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои хориҷи дур таъкид карданд.

Раҳмон ва Жеенбеков дар ин баёния бо ишора ба зарфияти матлуби бахшҳои хусусии ду кишвар барои ҳамкориҳои муштарак таъкид карданд, ки бо эътои сабукӣ ба фаъолони ин бахш, заминаи густариши беш аз пеши равобити тиҷории Қирғизистон ва Тоҷикистон фароҳам шавад.

Сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчунин бо баррасии авзои минтақа ва ба вижа таҳаввулоти Афғонистон, ҳамоҳангии бештари Бишкек ва Душанберо барои муқобила бо таҳдидҳои амниятии минтақаӣ хостор шуданд.

Раисони ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз танишҳои марзии ахир ду бор дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ва шаҳри Чолпон-ота, дар соҳили Иссиқкӯл дидору гуфтугӯ ва бар зарурати поён додан ба ихтилофоти марзӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

 

Барчасп