Июл 29, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 200 миллион доллар сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар нимаи нахусти 2019

Кумитаи сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон аз имзои 5 тавофуқномаи ҷадиди сармоягузорӣ бо шарикони хориҷии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон аз имзои 5 тавофуқномаи ҷадид бо сармоягузорони хориҷӣ хабар дод.

Бинобар ин гузориш, 3 тавофуқномаи сармоягузории дигар дар дасти баррасӣ қарор доранд. Дар чорчӯби ин тавофуқномаҳои сармоягузорӣ таъсиси 7 ширкати ҷадид дар қаламрави Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Барои иҷрои проектҳои мазкур, сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ 200 миллион доллар ҳазина мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир иқдомоти лозим барои иҷрои проектҳои сармоягузорӣ, ки дар сурати тасвиби онҳо дар солҳои оянда 100 миллион доллари дигар ба иқтисоди Тоҷикистон ҷазб мешавад, тавассути ин кумита дунбол мешаванд.

Бар асоси гузориши Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳол ҳозир дар ин кишвар 70 проекти давлатии сармоягузорӣ ба арзиш 31.8 миллиард сомонӣ, муодили 3.3 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст.

Аз ибтидои иҷрои ин проектҳо то аввали июли соли ҷорӣ тақрибан ниме аз маблағи ин проектҳо, яъне 15.9 сомонӣ, муодили 1.6 миллиард доллар ҳазина шудааст. Сармоягузории проектҳои мазкур тавассути Бонки Рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди ва Бозсозии Аврупо, “Эксимбонк”-и Чин, Бонки Исломии Рушд ва дигар сармоягузорон сурат мегирад.

 

Барчасп