Ҳазинаи тамос аз Тоҷикистон ба Русия 33 дарсад афзоиш меёбад
Операторҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон аз афзоиши 33-дарсадии ҳазинаҳои тамос аз ин кишвар ба Русия хабар доданд.
Тибқи эъломи операторҳои телефони ҳамроҳи Тоҷикистон, аз якуми октябри соли ҷорӣ ҳазинаи тамосҳои хуруҷӣ аз ин кишвар ба Русия 33 дарсад афзоиш меёбад.
Бар асоси гузориши ин марказ, шаҳрвандони Тоҷикистон барои як дақиқаи муколима бо бастагони худ дар Русия аз тариқи ҳар як аз операторҳои телефони ҳамроҳ, бояд як сомонӣ (12 сент) пардохт кунанд.
Ширкати телефони ҳамроҳи «Тисел»-и Тоҷикистон эълом кард: Ин тасмим тавассути идораи хадамоти зиддиинҳисории вобаста ба давлати ин кишвар гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир ҳазинаи як дақиқа тамос аз Тоҷикистон ба Русия тавассути телефони ҳамроҳ дар ширкати «Тисел»-и ин кишвар, 0.69 сомонӣ (9 сент) мебошад.
Қимати як дақиқа тамос аз ширкати «Мегафон»-и Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 0.67 сомонӣ ва аз ширкат «Бабилон» 0.66 сомонӣ мебошад.
Тайи 4 соли охир, нархи расмии сомонӣ дар баробар доллар тақрибан 65 дарсад коҳиш доштааст ва нархи он аз 4.76 сомонӣ ба 7.87 сомонӣ дар баробари доллар афзоиш ёфтааст.