Июл 31, 2019 14:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди СММ бар таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Созмони Милал дар тозатарин дархости худ аз Тоҷикистон бар таваҷҷӯҳи ҳукумати ин кишвар ба ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои иҷтимоии мухталиф ва мубориза бо фасоди молӣ таъкид кардааст.

Ба нақл аз манобеи хабарии ғарбӣ, Кумитаи ҳуқуқи башари СММ бо интишори гузориши 12 саҳифаӣ аз авзои Тоҷикистон эълом кардааст, ки барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон зидди фасоди молӣ мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ нест.

Дар  идомаи ин санад ба мавориде аз поймол шудани ҳуқуқи бархе зиндониён, расонаҳои хабарӣ ва гурӯҳҳои динии ҷомеаи Тоҷикистон ишора ва бар зарурати ислоҳи ин маворид таъкид шудааст.

Гузориши Кумитаи ҳуқуқи башари СММ нигаронии ин ниҳоди байналмилалиро дар мавриди сарнавишти зиндониёне чун Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳайит ва Раҳматуллои Раҷаб мунъакис кардааст.

 

Барчасп