Август 03, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯшди робитаҳои Теҳрон- Душанбе ба ривояти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт; робитаҳои Душанбе ва Теҳрон дар нимаи аввали соли 2019 аз рӯшди муносибе бархурдор будааст.

 Сирҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти матбуъотӣ дар хусуси авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷории милодӣ, бар тавссиъаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт; дар 6 моҳи аввали соли 2019 Душанбе ва Теҳрон шоҳиди сафари ҳайатҳо ва дидорҳои муҳими ду ҷониба дар сатҳҳои мухталиф буд,ки дар онҳо тифи васеъе аз масоили марбут ба таҳким ва густариши ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳриддин изҳор дошт; дар ин росто ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон дар панҷумин нишасти сарони Иҷлоси таъомул ва эътимодсозии Осиё дар 15 июн дар шаҳри Душанбе ва ҳамчунин музокироти раисони ҷумҳурии ду кишвар дар ҳошияи ин Иҷлос муҳимтарин рӯйдод ба шумор меравад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон сафари расмии худ ба Эрон дар 31 май то 2 июни соли ҷории мелодиро аз рӯйдодҳои дорои аҳамият барои робитаҳои миёни 2 кишвар тавсиф кард ва гуфт; бо ин сафар заминаҳое ҷиҳати беҳбуди ҳамкориҳо фароҳам шуд. Вай афзуд; зимни дидор ва гуфтугуҳо бо раиси ҷумҳурии Эрон, Ҷаводи Зариф вазири умури хориҷа, Ризо Ардакониён вазири нерӯ ва раиси камисиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ,фаннӣ ва фарҳангии ду кишвар мавзуъоти марбут ба густариши таъомулоти мутақобил баррасӣ шуд. Муҳриддин аз сар гирифта шудани парвозҳои масири Машҳад- Душанбе- Машҳудро низ аз дигар иттифоқоти мусбати ин давра донист.

Барчасп