Август 05, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дубораи Тоҷикистон бар тақвияти равобит бо Эрон

Сироҷуддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бори дигар бар беҳбуд ва тақвияти ҳар чи бештари равобити Душанбе ва Теҳрон таъкид кард.

Сироҷуддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе равобити Тоҷикистон бо Эронро таърихӣ, решадор ва амиқ тавсиф кард ва гуфт, ин равобит бо азми ду кишвар беҳбуд хоҳад ёфт.

Ба рағми чанд соли пуртаниш дар равобити Тоҷикистон бо Эрон ва бурузи бархе сӯитафоҳумҳо миёни мақомҳои Душанбе бо Теҳрон ба назар мерасад равобити ду кишвар дар ҳоли тағйир ва таҳаввулоти мусбат аст. Давлати Тоҷикистон аз моҳи марти соли равон азми худро ба манзури аз саргирӣ ва беҳбуди равобити дуҷониба ҷазм кардааст. Дар ҳамин росто мақомҳои давлати Душанбе таи чанд моҳи гузашта зимни талош ба манзури ҷуброни бархе костиҳо дар равобит бо Эрон ба талош барои тақвияти ҳар чи бештари равобит бо Теҳрон эътироф кардаанд. Ба унвони мисол Диловар Қодирзода раиси нави Маркази таҳқиқоти роҳбурдии ниҳоди раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон густариши равобит бо Эронро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати Душанбе эълом кард.

Вай зимни таъкид бар густариши равобит бо Эрон дар соли 2019 гуфт, имсол сафирони нави ду кишвар таъин мешаванд ва бо талоши ду тараф муносиботи Теҳрон ва Душанбе беҳбуд хоҳад ёфт.

Дар паи ин изҳорот дигар мақомҳои давлати Душанбе аз ҷумла вазири умури хориҷа ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин иртибот изҳори назарҳои созандае кардаанд, ки нишондиҳандаи талоши давлати Душанбе ба манзури тармими равобити ду кишвар аст.

Пеш аз ин авомиле ҳамчун фаол шудани лобии режими нажодпарасти Исроил ва давлати муртаҷаи Арабистони саудӣ дар давлати Душанбе ба сардии равобити  Душанбе бо Теҳрон мунҷар шуда буд.

Бо вуҷуди ин мақомҳои Теҳрон бо таҳаммул, ҳамвора мавозеи воқеъбинонаро дар заминаи робита бо давлати Душанбе иттихоз кардаанд.Танишзудоӣ ва иртиботи густарда бо Тоҷикистон аз аҳдофи асосии Эрон дар робита бо Тоҷикистон аст. Бадиҳӣ аст, ки Теҳрон дар ростои муносиботи ҳар чи бештар ва густардатар бо давлати Душанбе ҳамаи масоии худро ба кор хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки бархе душманон беҳбуди равобити Теҳрон ва Душанбе зимни баҳрагирӣ аз заъфҳои иқтисодии Тоҷикистон бо эътои кумакҳои молӣ ба мақомҳои ин кишвар ба манзури тахриби равобити Тоҷикистон бо Эрон талош кунанд. Дар ин иртибот Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ коршиноси масоили минтақаии Тоҷикистон таъкид кардааст, Тоҷикистон ба унвони кишваре на чандон бузург бояд худро аз мухолифатҳои абарқудратҳои ҷаҳон ва минтақа ҳифз карда ва набояд ба бозичаи дасти онҳо табдил шавад.

Дар воқеъ панди ин коршиноси тоҷик ба маънои он аст, ки сиёсатмадорони ҳоким бар Душанбе аз даҳанбинӣ ва хидмат ба душманони беҳбуди равобити Эрон ва Тоҷикистон фосила бигиранд ва мустақил амал кунанд.

Дар маҷмуъ бо таваҷҷуҳ ба ниёзи шадиди давлатҳои Осиёи Марказӣ ба обҳои гарми байналмиллалӣ, ба вижа Тоҷикистон бояд гуфт, раҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ин ҳақиқат воқиф ҳастанд, ки танҳо дар сурати ҳамкорӣ бо Эрон метавонанд ба роҳи навини Абрешим пайванд бихуранд ва аз мазоёи ҷуғрофиёии Эрон дар масири стратегии шимол-ҷануб, баҳрабардории созанда ба амал оваранд. Дар ғайри ин сурат ин даста аз давлатҳои Осиёи Марказӣ фурсатҳои нави мушорикат дар тарҳҳои бузурги минтақаӣ ва фароминтақаиро аз даст хоҳанд дод.