Август 06, 2019 08:48 Asia/Dushanbe
  • 77 дарсади либосҳои воридотии Тоҷикистон; аз Чин

Натиҷаҳои як таҳқиқи Маркази байналмиллалии тиҷорат нишон медиҳад 77 дарсади либосҳои мавриди ниёзи мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби Чин таъмин мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Маркази байналмиллалии тиҷорат, ин таҳқиқ таҳти унвони омӯзиши бозори либоси Тоҷикистон анҷом шуд, ки наздик ба 77 дарсади либосҳои мавриди ниёзи мардуми Тоҷикистон аз  Чин ворид мешавад.

Дар ин таҳқиқ сохтори бозори либоси Тоҷикистон, ҳаҷми воридот ва содирот, нархгузорӣ ва дурнамои рушди тавлид ва арзаи анвои либоси мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2017 ҳаҷми умумии либос дар бозори Тоҷикистон 214 миллион долларро ташкил додааст, ки ниме аз ин маҳсулот либоси аврупоӣ аст.

Бахши умдаи либоси воридотӣ аз Чин ба мизони 77 дарсад аст ва Туркия бо 15 аз даҳ 9 дарсад дар радаи дуввуми содиркунандаи либос ба Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Ҳамчунин мушаххас шудааст, ки беш аз 49 дарсад аз саҳми либосҳои мардона, занона ва кудакона дар бозори Тоҷикистонро либосҳои аврупоӣ ба худ ихтисос додааст.

Ҳаҷми либоси миллӣ дар бозори ин кишвар 26 ва ним дарсад, либоси мактабӣ 10 ва ним дарсад, варзишӣ 6 ва ним дарсад ва дигар либосҳо 2 аз даҳ чаҳор дарсадро ташкил медиҳад.

Азизуллоҳ Авазов мудири Дафтари маркази байналмиллалии тиҷорат дар Тоҷикистон мегуяд, як бахш аз либос ба бозори ин кишвар ба таври қочоқ ворид мешавад.

Дар Тоҷикистон 95 коргоҳи дузандагӣ фаол аст, ки дар соли 2017 дар ин марказҳо ба маблағи 21 миллиону 600 ҳазор доллар либос тавлид шудааст.