Тоҷикон дар рӯзи Иди Қурбон муроқиби суфраҳои худ бошанд
(last modified Wed, 07 Aug 2019 04:50:32 GMT )
Август 07, 2019 09:50 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон дар рӯзи Иди Қурбон муроқиби суфраҳои худ бошанд

Сухангӯи Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикистон аз гаштзании гурӯҳҳои вижаи ин ниҳод барои таҳқиқи мурооти чидани суфраи хонаводаҳои ин кишвар дар рӯзи Иди саиди Қурбон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, Афшин Муқим гуфт, дар рӯзи Иди саиди Қурбон кормандони ин ниҳод дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба таври гузинишӣ риояти қонуни танзими ҷашну маросимро баррасӣ мекунанд.

Вай ҳадаф аз ин иқдомро ҷилавгирӣ аз исроф дар оростани суфраи рӯзи Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Сухангӯи Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар сурати мушоҳидаи нақзи ин қонун афроди мухталиф ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Дар Тоҷикистон ҳатто абъоди суфра дар рӯзҳои идҳои саиди Фитр ва Қурбон бар асоси қонуни танзими ҷашну маросим мушаххас шудааст, ки дар сурати тахаллуф, афрод ҷаримаи молӣ мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон мӯътақид аст, ки тайи 12 соли ахире, ки ин қонун дар кишвар иҷроӣ шудааст, аз ҳисоби коҳиши ҳазинаи ҷашнҳо ва маросимҳо мардум 19 миллиард сомонӣ сарфаҷӯӣ кардаанд.